,
Чоршанбе, 04-декабр
Санаи 22.11.2024 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалисозии тадбирҳо ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои мухталиф ва ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти миллӣ, инчунин диверсификатсияи ҷалби сармоя, форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар таҳти унвони “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои хориҷӣ, намояндагони корхонахои саноатии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорон баргузор гардид.
Дар қисмати аввали форум меҳмононро дар саҳни донишгоҳ ташкилкунандагон пешвоз гирифта, аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии дохилию хориҷӣ дидан намуданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии чорабинӣ суханронии Қосимзода Иноятулло - Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид - муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Амирхон - муовини Раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр - Раиси шаҳри Кӯлоб, Ҷон Риордан - Роҳбари Дафтари USAID дар Тоҷикистон, Сун Хэ - Мушовири Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холгер Вифел - Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ва Сиёнг Зоу - муовини Директори генералӣ ва директори иҷроияи ЮНИДО (шодбошии видеоӣ) шунида шуд.
Дар идомаи кори форум маросими ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорон, сармоягузорон ва корхонаҳои истеҳсолии воқеъ дар МОИ-и Кӯлоб баргузор шуд.
Дар ҷаласаи пленарии форум як зумра мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, саноат ва технологияҳои иттилоотӣ маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Аз ҷумла, Абдуллозода Мустафо - Роҳбари Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» дар мавзуи “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»”, Бодуршозода Мералӣ - Муовини директори Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Инноватсия ва рақамикунонӣ: воситаи муносиби татбиқи ҳадафҳои стратегӣ”, Алексей Савросов - Офисери рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (UNIDO) дар мавзуи “Дурнамои табдили рақамии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Канат Базарали - Мушовири байналмилалии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) дар самти рақамикунонӣ дар мавзуи “Рақамикунонии субъектҳои МОИ тавассути хизматрасониҳои давлатӣ”, Мубориз Субҳонов - Роҳбари ҶДММ “Шедевр” дар мавзуи “Муаррифии прототипи онлайн каталоги маҳсулоти истеҳсолшавандаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, Бобоев Хайриддин - Роҳбари ҶДММ «Тоҷикалмос» дар мавзуи “Таърихи муваффақияти яке аз сармоягузорони муваффақ дар Минтақаи озоди иқтисодии ”Кӯлоб””, Парвиз Камолиддинов – Муовини сардори шуъбаи USAID оид ба шуғл ва рушди соҳибкорӣ дар мавзуи “Фонди Рушди соҳибкорӣ дар чорчӯбаи фаъолияти Лоиҳаи USAID оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди соҳибкорӣ”, Саидзода Фирӯзмуҳаммад - Директори Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи “Роҳандозии стартапҳо ва тиҷорати электронӣ дар МОИ - Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Дар фарҷом сафари шиносоии меҳмонону иштирокдорони форум ба Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб доир гардид.