, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”

 22.11.2024 78

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”

Барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-адабӣ фаъолият мекунанд.

Яке аз онҳо ин маҳфили доимамалкунандаи “Математикони ҷавон”-и назди кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети физика ва математика ба ҳисоб меравад. Маҳфил моҳе як маротиба бо шунидани як маърӯза баргузор мегардад.

Санаи 21-уми ноябр дар назди кафедра маҳфили навбатӣ бо иштироки ҳайати  омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфил доир гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфил Кулобиев Мирзо баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд.

Сипас, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика, Амрохонова Меҳрона дар мавзуи “Муодилаи интегралии Вольтерра” маърӯзаи худро баромад намуд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат