, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

 21.11.2024 67

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

Санаи 21.11.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи адабиёти тоҷик дотсент Шамшоди Ҷамшед, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти Ашурова Нодира, номзади илмҳои филологӣ Холиқова Зайналбӣ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина ва ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Гиёева Тахмина суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшиданд ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дода, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша карданд.

Сипас, Назарова Меҳрнигор, донишҷӯи курси якуми факултет дар мавзуи “Аҳамияти жанри тамсил дар адабиёти бадеӣ" ва Шукронаи Саймурод донишҷӯи курси чорум дар мавзуи “Махсусияти жанри аксия” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши музокирот атрофи мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.




Ба рӯйхат