, Панҷшанбе, 21-ноябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН 

 21.11.2024 8

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН 

21-уми ноябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет дар мавзуи “Тавсифи зан-модар дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ” дар ҳошияи истиқбол аз Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, сармутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Ғанизода Фируз, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, ҷонишини декан оид ба тарбия Насимҷони Саидаъзам ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни Парчами давлатӣ табрику таҳният намуданд. Ҳамзамон аз фаъолияти маҳфили мазкур дар факултет ёдовар шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои худ дар чунин маҳфилҳо иштирок дошта бошанд.

Сипас, донишҷӯёни соли сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Раҳмонзода Мафруза дар мавзуи “24-ноябр Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Давлатзода Муаттара дар мавзуи “Тавсифи зан-модар дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар фарҷом сармутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғанизода Фируз баромад намуда, кори конференсияро хуб арзёбӣ карданд.




Ба рӯйхат