,
Душанбе, 09-декабр
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷиҳати боздид аз ҷараёни таълиму тарбия дар мактаби навтаъсиси таҳсилоти миёнаи умумии русии ба номи К.Д.Ушинский ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии педагогии Алтаи Федератсия Россия ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо роҳбари Сардори маркази муносибатҳои байналмилалии ин донишгоҳ Гайворонский Алексей Сергеевич ташриф оварда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои оянда дар самти илму фановарӣ, таҳияи китобу дастурҳои илмию методӣ, баргузор намудани конференсияҳо ва ҳамоишҳои илмии муштарак суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.
Ҳамзамон бо иштироки номзади илҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёт Богумил Татяна Александровна ва номзади илҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва забоншиносии руси ДДПА Карагодин Александр Александрович ва ҳайати омӯзгорони факултети филологияи рус мизи мудаввар дар мавзуи “Технологияҳои интенсивии таълими забони русӣ ҳамчун забони ғайри забони модарӣ дар системаи таҳсилоти олии гуманитарӣ” баргузор гардид.