, Сешанбе, 04-август

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФАЛСАФА ДАР ДОНИШГОҲ


РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФАЛСАФА ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Таҳаввулоти илмӣ-техникӣ ва ояндаи инсоният ҳамчун проблемаи фалсафаӣ”  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа баргузор шуд, ки дар он  олимону донишмандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Махмадулло Орифович дар мавзуи “Ғояи таҳавулотгароии глобалӣ дар фалсафа ва илми муосир”, дотсент Сайдалиев Додарбек дар мавзуи “Нақши СММ дар ҳали масоили муосири муносибатҳои байналмиллаӣ”, доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси фалсафа, дотсент Камолов Шодмончон доир ба “Вазъи таълими курси фалсафа дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”,   доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси фалсафа, мудири кафедраи фалсафа Ғаюров Лоиқ  дар мавзуи “Рушди техника ва ояндаи инсоният: мушкилот ва дурнамо”, муаллимони калони кафедра Шокирзода Аёз доир ба “Мавқеи фалсафа дар рушди ҷомеа” ва Раҷабов Аминҷон дар робита ба “Фаҳмиши идеяи таҳавулотгароии глобалӣ дар фалсафа” ва дигар олимону донишмандон ибрози назар карданд.  

Кори ҳамоиш дар сатҳи хеле олӣ ҷараён гирифта, иштирокдорони роҷеъ ба мавзуъҳои зикргашта табодули назар карданд.           

Мавриди зикр аст, ки аз соли 2005 бад-ин сӯ бо Қарори ЮНЕСКО ҳар сол панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи фалсафа таҷлил мегардад.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_47spv61h0o5g1grobnfppoi0nd in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_47spv61h0o5g1grobnfppoi0nd): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_tlk2ik28qumikqa5a9o1ir6hkt in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_tlk2ik28qumikqa5a9o1ir6hkt): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_tv54amdsficj4vpmk5hmhkjfbe in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_tv54amdsficj4vpmk5hmhkjfbe): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274