, Чоршанбе, 11-декабр

ДАРСИ КУШОД: ТОҶИКИСТОН-ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД

 20.11.2024 98

ДАРСИ КУШОД: ТОҶИКИСТОН-ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД

Санаи 20-уми ноябри соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Одинаева Гулбону дар гурӯҳи таълимии 203-и ихтисоси Забон ва адабиёти тоҷик дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи "Тоҷикистон-парчамат поянда бод" бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола 24-ноябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, гузаронида шуд.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дтсент Зулфиев Гадомад, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Шамшоди Ҷамшед, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Мусаллам аст, ки дарси кушод яке аз намудҳои асосии омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ба шумор рафта, заминаи онро фароҳам меорад, ки кору фаъолияти омӯзгорони беҳтарин муаррифӣ гардад, ҳамзамон омӯзгорони ҷавон ва мутахссисони оянда, аз ҷумла донишҷӯён барои баланд бардоштани савияи дониш ҷиҳати хуб ба роҳ мондани фаъолияти касбӣ дар оянда бархурдор гарданд.

Муаллим дотсент  Одинаева Гулбону дарсро шавқовару хотирмон гузаронида, дар робита ба мавзуъ маълумоти ҷолибро пешниҳод дошта, иброз намуд, ки "Яке аз нишонаҳои соҳибдавлату миллат будан, инчунин бақову пойдории ҳар як халқу миллат ин парчам аст. Парчам арзиши олӣ ва муқаддас, шиноснома ва нишонаи ҳувияту худшиносии халқу миллатҳо ба шумор меравад. Он ифодагари озодиву соҳибихтиёрӣ буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро доро мебошад. Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, имсол аз қабули он 32 сол пур мешавад".

Ҳамчунин, аз ҷониби гурӯҳи таълимӣ суруди умумӣ доир ба нақш ва ҷойгоҳи парчам дар давлатдорӣ иҷро карда шуд.

Дар интиҳо миёни устод ва шогирдон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Декани декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад ва доктори илмҳои филологӣ Ашурова Нодира зимни баёни андеша доир ба дарси муаллим ҳозиринро ба фарорасии Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, дарси муалимро хуб арзёбӣ карданд.




Ба рӯйхат