, Чоршанбе, 11-декабр

МИЗИ МУДАВВАР: ПАРЧАМ-ИФОДАГАРИ МАҚСАДУ МАРОМ ВА ОРЗУЮ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ

 20.11.2024 115

МИЗИ МУДАВВАР: ПАРЧАМ-ИФОДАГАРИ МАҚСАДУ МАРОМ ВА ОРЗУЮ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ

Имрӯз (20.11.2024) дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит мизи мудаввар дар мавзуи "Парчам-ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои миллат" баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз Комилов Низомиддин ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст, декани факултет дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ суханронӣ намуда ибрз доштанд, ки Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Таманно карда шуд, ки Парчами давлатии халқи тоҷик, ҳамчун дирафши фатҳу иршоди нек то абад парафшон бошад!

Дар идома, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром дар робита ба рамзи муқаддасу нишони олии ватандорӣ будани Парчам ибрози андеша намуд.

Зимнан, муалими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Давлатов Гулаҳмад дар мавзуи “Парчами милли рамзи давлатдорист”, ассистенти кафедра Шарифов Бедилҷон дар мавзуи “Парчами давлатдории тоҷикон: аз таърихи пайдоиш то замони муосир”, ассистенти кафедра Давлаталӣ Абдусамадзода дар мавзуи “Нахустин парчами давлатии мо дар кайҳон” ва донишҷӯи курси сеюми факултет Шамсова Ҳидоятбону дар мавзуи “Парчами давлатӣ чун рамзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаҳои худро ироа намуданд.

Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат