, Панҷшанбе, 03-июл

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН 


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН 

20-уми ноябр дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, мудири кафедраи менеҷмен ва маркетинг номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Содиқзоза Зафар мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия, Ғанизода Фируз ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет дотсент Расулова Лутфия оғоз намуда, аз фаъолияти маҳфили мазкур дар факултет ёдовар шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои худ дар чунин маҳфилҳо иштирок дошта бошанд.

Сипас, Расулзода Бибисоро донишҷӯ соли сеюми ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат дар мавзуи “Паём-муайянкунандаи дурнамои рушд” ва донишҷӯи соли сеюми ихтисоси географияи иқтисодиёт дар мавзуи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_jj52tor5mhpkbhff4p7q7msrno in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_jj52tor5mhpkbhff4p7q7msrno): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_np6b8m784bcpe542e79pn5fv9j in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_np6b8m784bcpe542e79pn5fv9j): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274