,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Тартиби бақайдгирии рақами мушахасси андозсупоранда тариқи электронӣ” гузаронида шуд, ки дар кори семинар декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, намояндагони Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб: Зикиров Лутфулло- мудири бахши бақайдрии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, Убайдуллоев Файзулло-мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андоздиҳии шахсони ҳуқуқӣ ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Кори семинарро декани факултет оғоз намуда, ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзиширо бо ҷалби мутахассисони соҳа дар баландбардории дониши тахассусии донишҷӯён муҳиму муассир арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин ба намояндагони Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб барои ҳамкориҳои пайваста ва судманд изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар идомаи семинар кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб: Зикиров Лутфулло- мудири бахши бақайдрии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар мавзуи “Тартиби бақайдгирии рақами мушахасси андозсупоранда тариқи электронӣ” ва Убайдуллоев Файзулло-мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андоздиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар мавзуи “Тартиби истифодабарии дастгоҳи назорати хазинавӣ ва муроҷиати шаҳрвандон оид ба гирифтани расид” маълумоти муфассалу ҷолиби диққатро бо истифода аз тахтаи электронӣ ва рӯнамо (презентатсия) пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар охир миёни баромадкунандагону иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, дар замини пешниҳоди суолу пурсишҳо паҳлуҳои гуногуни мавзуъ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.