,
Чоршанбе, 11-декабр
Санаи 19-уми ноябр соли равон дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии кафедраи забони муосири рус бо номи "Русская речь" зери роҳбарии муаллими калони кафедра-Муродов Равшан, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҳфил декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарифзода Одинамо ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Дар оғози маҳфил декани факултет, дотсент Шарифзода Одинамо суханронӣ намуда, аз корномаи беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ёдовар шуда, садоқат ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро рамзи олии ватандорӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди худогоҳ арзёбӣ намуд. Зимнан донишҷӯёни курси якуми факултетро, ки соли ҷорӣ ба ҳайси донишҷӯ ба донишгоҳ қабул шудаанд, табрику таҳният гуфта, ба онҳо дафтарчаи имтиҳонотӣ ва шаҳодатномаи донишҷӯӣ супориданд.
Дар идома донишҷӯи курси якуми факултет- Холова Сумая, дар мавзуи “Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи худро ироа намуд.
Ҳамчунин донишҷӯёни гурӯҳи 102-и факултет порчаҳои шеърӣ ва насриро дар васфи Пешвои миллат қироат намуданд. Инчунин аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён саҳначаи тарбиявие, ки мавзуи асосии он донистан ва омӯхтани забон буд, пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.
Кори маҳфил бо иҷрои суруд дар васфи “Душанбе” аз тарафи донишҷӯи курси 2-юми факултет-Фатозода Саидадунё, ба охир расид.