,
Чоршанбе, 11-декабр
Хурсандиовар аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди рӯзафзуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи тадбирҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, алалхусус наврасону ҷавонон гардидааст.
Мусаллам аст, ки насли наврасу ҷавон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд. Варзиш дар радифи таъмини солимии ҷомеа чун неруи бузург омили муттаҳидӣ ва қосиди сулҳу ҳамраъйии мардум гардидааст.
Шоистаи таҳсин ва ифтихори афзун аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мудом дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, барандаи диплому ҷоизаҳои мусобиқоти варзишӣ гардида, нуфузи муассисаро дар арсаи кишвар ва ҷаҳон меафзоянд.
Аз ҷумла донишҷӯёни зерини факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии донишгоҳ санаи 12-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук аз рӯи намудаи давидан ба масофаҳои гуногун ва партофтани туби тенис миёни ҷавонону наврасон иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихории мусобиқот шарафёб гардиданд:
Эшназарова Зуҳро, донишҷӯи курси дуюм аз рӯи варзиши сабук, давидан ба масофаи 5 км ва партофтани туби теннис, ҷойи якум;
Дилнозаи Ҳикматулло, донишҷӯи курси сеюм аз рӯи варзиши сабук, давидан ба масофаи 1500 м ва партофтани туби теннис, ҷойи дуюм;
Саидакбари Саидумар, донишҷӯи курси чорум аз рӯи варзиши сабук, давидан ба масофаи 1500 м ва партофтани туби теннис, ҷойи дуюм.
Раёсати донишгоҳ донишҷӯёнро барои мушарраф гардидан ба музаффариятҳо самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.