,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 16.11.2024 конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ таҳти унвони “Президент-кафили пойдории сулҳу субот” баргузор гардид.
Дар конференсия сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, декани факултет, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исуфов Дилшод, номзади илми химия, дотсент Холиқов Сафар, саромӯзгори кафедраи кафедраи таърихи халқи тоҷик Шоинов Ҳасан, мудирони кафедраҳои факултет ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии декани факултет, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исуфов Дилшод, оғоз гардид.
Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки “Мақоми арзандаи Пешвои миллат ин як амри таърихиест, ки он барои хизматҳои бузурги ӯ ба миллат мебошад. Агар хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо шуҷоату истеъдоди сарвариаш зам намоем, пеш аз ҳама, қобилияти баланд ва касбияти сиёсии ӯ ҳамчун пешвои сиёсӣ пеши назар меояд, ки ин боиси дастгирӣ ва эҳтирому ифтихор аст. Албатта Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҳидояти созандагию бунёдкориаш ифтихори миллат, поягузори сулҳу салоҳ ва меъмори давлати навини тоҷикон гардидааст, ки бо матонату диловарӣ, қаноату баробарӣ ва шуҷоату бобарорӣ тавонист миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳо намояд”.
Баъдан дотсент Холиқов Сафар дар мавзуи “Партави меҳри шумо ин мулкро обод кард” саромӯзгори кафедраи кафедраи таърихи халқи тоҷик Шоинов Ҳасандар мавзуи “Президент кафили сулҳ” ва омӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими он Шарифова Бунавша дар мавзуи “Фарзонафарзанди миллат” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Кори конференсия бо тамошои порча аз филме бахшида ба Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва дастовардҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба охир расид.