, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИ КОНФРОНСИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

 16.11.2024 79

БАРГУЗОРИ КОНФРОНСИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Санаи 15.11.2024 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзуи “Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва нақши он дар давлатсозии тоҷикон” бо иштироки декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мазарипов Мануҷеҳр, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Сафарзода Сироҷиддин ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мазарипов Манучеҳр оғоз ёфт. Зимни баромад таъкид доштанд, ки боиси ифтихору мояи сарфарозист, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ 32-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу оромӣ ва дастовардҳои беназир таҷлил менамоянд. Дар таърихи давлатдории муосири мардуми шарафманди тоҷик ин санаи муқаддас мақому ҷойгоҳи хоссаи худро дорад ва чун рӯзи фаромушнашаванда бо ҳарфҳои заррин дар таърих нақш мегузорад.

Сипас, донишҷӯёни курси чоруми факултет, Комилзода Нигора дар мавзуи “Пешвои миллат раҳнамои ҷавонон”, Муродова Мастона дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ”, донишҷӯи курси якум, Бегаҳмадзода Наргис дар мавзуи “Иҷлосияи таърихии тақдирсоз” ва донишҷӯи дигари факултет Муҳаммади Шамсиддин дар мавзуи “Таҳавулли равандҳои сиёсӣ ва раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон-ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқӣ” баромад намуданд.

Дар қисмати музокирот ҳозирин фикру андешаҳои хешро вобаста ба масъалаҳои болозикр баён намуда, таманиётҳои неки худро бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи тақдирсоз баён карданд.




Ба рӯйхат