,
Чоршанбе, 11-декабр
Имрӯз (16.11.2024) дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет дар ҳошияи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарифзода Одинамо, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Сафарзода Сироҷиддин, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ Нурматова Заррина ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Маҳфилро декани факултет, дотсент Шарифзода Одинамо оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзи фархунда- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар идома бо ёдоварӣ аз сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои маҳбуби кишвар донишҷӯёнро барои омӯзиши илмҳои замонавӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ даъват намуд.
Сипас, донишҷӯёни факултет Исмоилова Шукрона дар мавзуи “16 ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Абдуллоев Назирмад дар мавзуи “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи эҳёи кишвар ва хидмати фидокоронаи ӯ барои халқу миллати тоҷик” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир гурӯҳи донишҷӯён вобаста ба мавзуи болозикр шеъру порчаҳои насрӣ қироат намуда, садоқати худро ба Пешвои миллат изҳор намуданд.