,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи илмҳои комиютерӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки садорати факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.
Мизи мудавварро декани факултет, дотсент Самардинова Зайнаб оғоз намуда, бо таваҷҷуҳ ба корномаи беназири Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф иброз намуданд, ки маҳз бо дарки амиқ ва бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон рушд додани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 дар кишвар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардид. Ин тадбир амри зурурӣ ва саривақтист, зеро маҳз омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқи омили рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва давлат мегардад.
Дар идомаи кори мизи мудаввар мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шарипов Аламшо дар мавзуи “Бунёдгари сулҳу субот - ояндасози миллат”, муалими калони кафедра Сулаймонзода Убайдулло дар мавзуи “Имкониятҳои технологияи итилоотӣ коммуникатсионӣ дар таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва ризӣ”, муаллими калони кафедра Шоҳсанами Ризо дар мавзуи “Пешвои миллат-бунёдгузори давлати миллӣ”, донишҷӯи курси 2-юм Давлатова Малика дар мавзуи “Пешвои мо-ифтихори ҳар як тоҷики ҷаҳон” маърузаҳои худро ироа намуданд.
Кори мизи мудаввар бо қироати порчаҳои шеърӣ дар мавзуи Президент ва нақши Пешвои миллат дар эъмори давлати миллӣ ба охир расид.