, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

 15.11.2024 65

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФИЗИКОНИ ҶАВОН”

Санаи 15.11.2024 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Физикони ҷавон” бо иштироки мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Акрамова Рухшона, номзади илмҳои физика-ва математика Шарипов Сафаралӣ ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил, номзади илмҳои физика ва математика Шарипов Сафаралӣ баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуд.

Сипас, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика ва математика Изатуллозода Убайдулло дар мавзуи “Асосҳои назарияи молекулавӣ-кинетикӣ. Муодилаи ҳолати гази идеалӣ” Амрохонова  Меҳрона дар мавзуи “Ҳалли масъалаҳо доир ба асосҳои назарияи молекулавӣ-кинетикӣ” маърӯзаи худро ироа намуданд.

Дар бахши дуюми маҳфил ҳалли масълаҳои физикӣ ба донишҷӯён супорида шуд ва донишҷӯён аз уҳдаи ҳалли масъала ба хубӣ баромаданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи аъзоёни маҳфил ба охир расид.




Ба рӯйхат