,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 15.11.2024 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии "Муҳосибони касбӣ"-и назди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Вазирзода Дилором, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Давлатов Гулаҳмад, роҳбари маҳфил - ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Шарифов Бедил ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд.
Нахуст ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Вазирзода Дилором суханронӣ карда, ҳозиринро ба ҷашнҳои муҳими миллӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҳният намуданд ва баргузории маҳфилҳои илмиро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими тақвиятдиҳандаи дониши донишҷӯён баён доштанд.
Сипас, тибқи нақшаи кории маҳфил маърӯзаи донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ Маҳмадкаримов Усмон дар мавзуи "Саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодиёти миллӣ" шунида шуд.
Зимни баромади хеш маърӯзачӣ оид ба рушду инкишофи тамоми соҳаҳо, бахусус рушди соҳаи иқтисодиёти кишвар суханронӣ намуда, саҳми беандоза бузурги Пешвои миллатро дар ин самт назаррас хонданд.
Дар идомаи кори маҳфил Шарифов Бедил баромад намуда, аз корнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд ва нақши Пешвои миллатро дар эҳёи давлати навини тоҷикон, хомӯш сохтани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рушду нумӯи Тоҷикистон, муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҳалли масоили мубрами ҳаёти башарият муҳим ва бузург арзёбӣ намуд.
Дар қисмати хотимавии маҳфил саволу ҷавоб сурат гирифт.