,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд.
Ин навбат санаи 15.11.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи забоншинось ва таърихи забон Тоиров Шермуҳаммад дарси намунавӣ дар мавзуи “Категорияҳои луғавӣ” дар гурӯҳи таълимии 206-и ихтисоси Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет гузаронида шуд.
Тоиров Шермуҳаммад дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Категорияҳои луғавӣ” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки Категорияҳои луғавӣ - ин гурӯҳҳои маънӣ ё хусусиятҳои грамматикӣ мебошанд, ки ба воситаи онҳо калимаҳоро дар як забон таҳлил ва тасниф мекунанд. Дар забоншиносӣ, категорияҳои луғавӣ асосан бо сохти ва маънии калимаҳо, инчунин нақши онҳо дар ҷумла робита доранд. Ба категорияҳои луғавӣ дар забонҳои гуногун метавонанд категорияҳои грамматикӣ ва маънигароии зиёде дохил шаванд.
Дар қисмати дигари дарс муаллим ба донишҷӯён суол дода, донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.