,
Чоршанбе, 11-декабр
Имрӯз (15.11.2024) дар маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодӣ конфронси донишгоҳии ҷамъияти илмии донишҷӯён таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувори иқтисоди миллӣ” бахшида ба 16-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Миралӣ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Вазирзода Дилором, ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ баромад намуда, оид ба маърӯзаҳои баррасишавандаи конфронси имрӯза ба аҳли нишаст маълумот доданд.
Сипас, Зокирҷони Маҳмадалӣ, донишҷӯи курси 3-юми факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзуи “Нақши саноатикунонии босуръат дар рушди саноати миллӣ”, Шамсова Ҳидоятбону, донишҷӯёи курси сеюми факултети болозикр дар мавзуи “Инфрасохтори пардохт ва рушди бозори хизматрасониҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Назарова Замира донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Иқтисоди сабз” баромад намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.