,
Ҷумъа, 27-декабр
Имрӯз (15.11.2024) дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами математика ва татбиқи омӯзиши он тавассути технологияи муосир” бахшида ба солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар ҳошияи истиқбол аз 32-солагии иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Президент” баргузор гардид.
Дар конфронс мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он, дотсент Шаралиева Садбарг, номзади илмҳои таърих (таърихи математика) Гулматов Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ суханронӣ намуда, конфронсро ҳусни оғоз бахшид ва доир ба маърӯзаҳои баррасишавандаи конфронс ба иштирокчиён маълумот дод.
Сипас, муаллими калони кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он Давлатов Толқун дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами математика ва татбиқу омӯзиши онҳо дар синфҳои ибтидоӣ”, муаллими калони кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он Анварзода Диловар дар мавзуи “Масъалаҳои математикӣ ҳамчун рушди қобилияти фикронии мантиқии хонандагони хурдсол”, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ Азимова Низорамо дар мавзуи “Ташаккули тафаккури хонандагон тавассути истифодаи технологияи иттилоотӣ коммуникатсионӣ зимни таълими метематика” ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ Оминаи Аъзамхон дар мавзуи “Баъзе методҳои тақсим дар дастхати “Маҷмаъ-ул-арқом”-и Мирзо Бадеӣ Девон” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.