, Панҷшанбе, 21-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРОНИ ҶАВОН”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРОНИ ҶАВОН”

Имрӯз (14.11.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Рӯзноманигорони ҷавон” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил Гадоева Фирӯза суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд ва аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот доданд.

Сипас, Раҳмонзода Фархунда донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи "Омода шудан ва ба эфир баромадани журналист (чанд маслиҳат аз костюмер)" ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси рӯзноманигорӣ Амируллозода Ҷаҳонгир дар мавзуи "Таъсири психологии телевизион ба ҷомеа (дар мисоли шабакаҳои телевизионҳои Тоҷикистон)" маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир миёни иштирокчиёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_iha48rri5qf1agsbir8m9pcprh in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_iha48rri5qf1agsbir8m9pcprh): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274