,
Душанбе, 30-декабр
Таърихи 14-уми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барномаи бошукуҳ ва рангини ҳунарӣ ба ифтихори Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, муовинони ректор, ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани табрикотӣ ҳозиринро ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зевари таърихномаи давлатдории навини миллат, падидаи сарнавиштсози замони истиқлол маҳсуб мешавад, табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи кишвар ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд.
Бо мақсади ҳифзи якпорчагии давлат ва баромадан аз буҳрони баамаломадаи сиёсӣ, дар он марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз, ки кишвари мо пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ амалан бо мақсади тақвияти ҳокимияти иҷроия, афзудани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми татбиқи қонунҳо, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид.
Дар идома муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб суханронӣ намуда, доир ба масъала ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки бузургдошти Рӯзи Президент, посдории хидматҳои бедареғ, пайравӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаву хирадмандона ва инсонгароёнаи Пешвои маҳбуби миллат кафолати пойдории Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшони давлатдории миллии мост.
Сипас, барномаи бошукуҳ ва рангини ҳунарии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ, иборат аз суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Барномаи фарҳангӣ бисёр бошукуҳ ва хотирмон буд. Дар барномаи ҳунарии кормандони ансамбли “Наво”-и Донишгоҳ суруду таронаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва талошҳову ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи ободу осуда, садо доданд.