,
Ҷумъа, 27-декабр
Бо ҳамин ном санаи 14-уми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати магистрантон ва докторантон (PhD) аз рӯйи ихтисос бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-солагии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовиннони ректор, сардорони раёсатҳо ҳайати профессорон, омӯзгорон, магистрантон ва докторантони (PhD)-и донишгоҳ иштирок намуданд. Масъулияти пешбурди кори конфронсро сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар бар уҳда дошт.
Конференсия бо сухани ифтитоҳӣ ва шодбошии ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз гардид. Зимни сухани ифтитоҳӣ ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро бо фарорасии санаи бузургу муқаддас барои миллати тоҷик табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб рафта, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории навини мо нигаронида шуда, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Яъне, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати миллӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад, зеро дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ин масири пуршараф ва ҳамзамон пурмасъули ватандорию ватансозӣ бароятон, ҳозирини арҷманд, иқболи баланду нусрати рӯзафзун орзумандам!
Сипас, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар дар мавзуи “Авлоди башар чун ту фидокор надидааст...” ибрози андеша намуда, бо ёдоварӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори давлати миллӣ таваҷҷӯҳ ба муҳаққиқони ҷавону аҳли толор таъкид доштанд, ки ин шахсияти фавқуллодаи таърихӣ вақте зимоми давлатдории миллии моро ба даст гирифтанд, ки буду нобуди миллати куҳанбунёд, фанову бақои давлати тозаистиқлол, сарнавишту зиндагии минбаъдаи мардуми кишвар бояд ҳал мешуд. Ана ҳамин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ имтиҳони сарнавиштсозе барои миллату давлат ва шахсан Пешвои он - Эмомалӣ Раҳмон, ки ниҳодашон саропо бо сарнавишти мардум пайвандӣ дорад, гардида буд. Маҳз дили пок, нияти соф ва умеди нек ба оянда Сарвари тозаинтихоби моро муваффақу сарбаланд гардонд. Ва аввалин нидои роҳбари ҷавон аз сулҳ буд. Аксари роҳбарону сиёсатмадорони онвақтаи кишвар аз ин нидо ба ҳайрат омада буданд. Аммо мардуми оддӣ дар ин нидо фардои худро дарёфтанд ва ба ҳарфи роҳбари ҷавон ҳамовоз гардиданд. Ҳамин боварии мардум буд, ки талоши роҳбари мо дар роҳи худ – роҳи сулҳу ваҳдат ва садоқат ба миллат самар овард. Агар мо ба фаъолияти Пешвои миллатамон як назари иҷмолие андозем, мебинем, ки ин фаъолият аз рӯзҳои нахустин то имрӯз дурандешонаву пайгирона, созандаву бунёдкорона будааст. Ин фаъолият на танҳо миллату давлати моро ба ин рӯзи саодату некӣ расондааст, балки дар сарнавишти мардуми сайёра аз аввалинҳо шуда масъалагузорӣ кардан дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муаммоҳои глобалии марбут ба ҳифзи муҳити зист, дастрасии инсоният ба оби ошомиданӣ нақши боризе дорад. Аз кадом паҳлуе ба фаъолияти Пешвои миллатамон бингарем, қобилияти фавқулодаи ояндабиниро дармеёбем. Яъне, тамоми фаъолияти Пешвои миллати мо саршори созандагӣ ва ибрат аст.
Дар идома ҳамчунин маърӯзаҳои докторанти (PhD)-и курси 3-юми ихтисоси сиёсатшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Раҳмонова Марҳабо дар мавзуи “Рушди маърифатнокию хирадмандии сиёсии занон дар солҳои соҳибистиқлолӣ”, магистранти курси 1-уми ихтисоси забони англисии факултети филологияи хориҷӣ Сафарзода Сироҷиддин дар мавзуи “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.
Кори конфронс нимаи дуюми рӯз бо баррасӣ ва муҳокимаи беш аз 40 мақолаи олимону донишмандон дар 3 бахш ба охир расид.
Мунисаи Маҳмарабӣ, “Анвори дониш”