, Панҷшанбе, 09-апрел

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 13.11.2024 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи тақдирсоз” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Назаров Муродалӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои иқтисодӣ Содиқзода Зафар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо суханронии декани факултет, дотсент Расулова Лутфия оғоз гардида, дар идома сардори раёсати илм ва инноватсия Шарипов Анвар баромад намуда, зимни баромади хеш қайд намуданд, ки “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри 1992), ки ба "Иҷлосияи тақдирсоз" маъруф аст, барои таъмини субот ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон нақши хеле муҳим бозидааст. Ин Иҷлосия дар шароити вазнин ва нооромиҳои дохилӣ баргузор шуд ва барои пешгирии нобудшавии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва раҳоӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошт”.

Сипас, тибқи барномаи ҳамоиш мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг Содиқзода Зафар дар мавзуи “Саҳми ташаббусҳо ва фаъолиятҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи иқтисодиёти байналмилалӣ”, муаллими калони кафедраи география ва сайёҳӣ Иброҳимова Рухшона дар мавзуи “Саҳми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳӣ” ва муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Абдуллозода Хисрав дар мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили ҳадафҳои сулҳҷӯёна” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Маърӯзакунандагон иброз доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳ ва суботи Тоҷикистон нақши бунёдӣ ва бебаҳо доранд. Раҳбари сиёсии кишвар тавонист, ки дар шароити сахту душвори ҷанги шаҳрвандӣ масъулиятро ба дӯш гирифта, мардумро муттаҳид созад ва барои насли оянда заминаи сулҳу осоиштагиро таъмин кунад. Имрӯз ин дастовард ба ҳайси як нишонаи ваҳдати миллӣ ва шикасти душвориҳои таърихӣ дар таърихи Тоҷикистон боқӣ мондааст.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_e5sngjuj5vkgin0c9aim4ajua8 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_e5sngjuj5vkgin0c9aim4ajua8): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_lvb7ni1ea2rm1253gcsqluphgs in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_lvb7ni1ea2rm1253gcsqluphgs): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_nch8961nj9i10t2i9v5r2dh0o6 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_nch8961nj9i10t2i9v5r2dh0o6): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274