,
Чоршанбе, 11-декабр
Таърихи 13.11.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод аз фанни курси махсуси адабиёти тоҷик аз ҷониби Холиқова Зайналбӣ- номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик дар гурӯҳи таълимии 301-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Мавқеи наср дар эҷодиёти Сотим Улуғзода” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.
Дарсро дотсент Холиқова Зайналбӣ тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Сотим Улуғзода ва осори гаронбаҳои ӯ сухан ронда қайд намуданд, ки “Сотим Улуғзода (1911-1997) яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти тоҷик дар асри XX ва яке аз нависандагони маъруфи Тоҷикистон аст, ки бо эҷодиёти худ ба рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Насри Улуғзода бо забони пурзӯр ва анъанаҳои бойи адабиёти классикӣ тавъам шуда, дорои хусусиятҳои амиқи инсоншиносӣ ва иҷтимоӣ мебошад”.
Сипас, донишҷӯён дар мавзуъҳои “Аввалин асарҳои насрии Сотим Улуғзода”, “Муҳтавои романи “Фирдавсӣ”-и С. Улуғзода”, “Сабабҳои навишта шудани романи “Фирдавсӣ”- С. Улуғзода”, “Мавзуи асосии повести “Ривояти суғдӣ”-и С. Улуғзода”, “Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии романи “Восеъ”-и C. Улуғзода” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир донишҷӯён як-як нисбат ба мавзуъ фикру андешаҳои худро баён намуданд ва дарс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.