, Чоршанбе, 17-сентябр

ДАРСИ НАМУНАВӢ: АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ДАРСИ НАМУНАВӢ: АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Ин навбат санаи 13.11.2024 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи молия ва қарз Шарипов Назрулло дарси намунавӣ дар мавзуи “Асосҳои ҳуқуқи фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар гурӯҳи таълимии 402-и ихтисоси Молия ва қарз бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра гузаронида шуд.

Шарипов Назрулло дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Асосҳои ҳуқуқи фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки асосҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷмӯи қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии соҳавӣ, мувофиқаҳо ва созишномаҳо, ки байни кишварҳои гуногун ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба имзо расидаанд, асос ёфтааст. Воқеан, фаъолияти гумрукӣ дар Тоҷикистон ба муқаррароти қонунӣ ва меъёрии муайян вобаста мебошад, ки ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, амнияти миллӣ ва риояи тартиботи ҳуқуқиро дар кишвар таъмин мекунад.

Дар қисмати дигари дарс муаллим ба донишҷӯён оид ба кадом ҷузъҳои муҳим бахшида шудани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонида суолҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.

Ҳамзамон донишҷӯён зимни баромадашон қайд намуданд, ки вазифаҳои асосии мақомоти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла интиқоли бехатарии молҳо, андозбандии дуруст, мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, ва таъмини шароити мусоид барои тиҷорат ва иқтисод мебошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_0c22m7cmb8angl7tm9uftuctk9 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_0c22m7cmb8angl7tm9uftuctk9): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_c79lsfidqa41daj7k00c90ihqd in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_c79lsfidqa41daj7k00c90ihqd): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274