,
Чоршанбе, 11-декабр
Имрӯз (13.11.2024) дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Мо - варзишгарон парчамбардори миллатем!”-и назди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он бо иштироки роҳбари маҳфил, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил Бозоров Зиёвуддин оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуда, дар бораи мавзуъҳои барасишавандаи маҳфил маълумот доданд.
Сипас, Шерназаров Сулаймон - донишҷӯи курси 3-.ми факултет и тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “Таърихи пайдоиши вазнабардорӣ” ва Эшназарова Зуҳро - донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Ташаккул ва инкишофи бозиҳо ҳамчун воситаҳои тарбия дар низоми маориф” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир миёни иштирокдорон ва баромадкунандагон оид ба мавзуъҳои зикргардида саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира баргузор гардид.