,
Чоршанбе, 11-декабр
Бо чунин ном санаи 12-уми ноябри соли 2024 дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Робияи Абдусамад, номзади илмҳои филологӣ Саидова Нилуфар, номзади илмҳои педагогӣ Орифов Орзу ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Мизи мудавварро декани факултет, дотсент Муродов Баҳриддин оғоз намуда, доир ба аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир ибрози андеша намуданд.
Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Робияи Абдусамад доир ба масъала ибрози андеша намуда, баён дошт, ки методҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ имкониятҳои зиёд доранд, ки тавассути онҳо донишҷӯён метавонанд дар муҳити табиӣ ва шавқовар забон омӯзанд. Ин усулҳо барои таҳкими худбоварӣ, малакаҳои гуфторӣ ва таҳлилӣ мусоидат мекунанд, ки дар ниҳояти кор ба самаранокии дарсҳои забонӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Дар идома докторантони PhD курси якуми факултет Исоқовва Сабрина дар мавзуи “Усулҳои омӯзиши забони немисӣ”, Шарипова Зулола дар мавзуи “Усулҳои омӯзиши забони хитоӣ”, магистрантони курси якуми ихтисоси забони англисии факултет Одиназода Суман дар мавзуи “Усулҳои омӯзиши забони англисӣ” ва Сафарзода Сироҷиддин дар мавзуи “Истифодаи методҳои интерактивӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ” маърӯза намуданд.
Зимнан баромадкунандагон қайд намуданд, ки истифодаи методҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ хеле самаранок аст ва метавонад ба рушди малакаҳои гуфторӣ, шунавоӣ, хондан ва навиштани донишҷӯён мусоидат кунад. Ин методҳо муҳити таълимиро фаъолтар ва шавқовартар карда, ҳамкорӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯёнро ташвиқ мекунанд.