,
Панҷшанбе, 26-декабр
Санаи 12-уми ноябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистика ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент таҳти унвони “Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш мудири кафедраи журналистика, доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Шамшоди Ҷамшед, сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Бозорзода Сарахон, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи журналистика Сафарзода Манучеҳр, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Иззатов Умедҷон ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҳамоишро мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид оғоз намуда, зимни баромад иштирокчиёнро бахшида ба 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 32 сол пеш баргузор шуд, як рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз барои давлати Тоҷикистон мебошад. Ин иҷлосия, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи навини Тоҷикистон як нуқтаи калидӣ ҳисоб мешавад. Дар натиҷаи ин иҷлосия, вазъи сиёсӣ ва низомӣ дар кишвар ба танзим даромада, асосҳои давлатдории нав ба миён омаданд. Ин иҷлосия ба ваҳдат ва истиқрори сулҳ мусоидат намуда, шароити барои таъмини сохти конститутсионии кишвар ва таҳкими давлатдории тоҷиконро фароҳам овард.
Ҳамзамон қайд намуд, ки Таҷлили Рӯзи Президент баёнгари эҳтиром ва қадрдонӣ аз талошҳо ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо иқдоми ӯ ва дар натиҷаи кӯшишҳои пайваста сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор гардид, ки ин омил барои таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон муҳим буд”.
Сипас, сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Бозорзода Сарахон дар мавзуи “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ”, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Иззатов Умедҷон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат, ниёзи таърихии халқи тоҷик”, ассистенти кафедраи журналистика Гадоева Фирӯза дар мавзуи “Эй тантанаи шодӣ-Иҷлосияи тақдир”, ассистенти кафедра Наврӯзова Шамсия дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон-кафили сулҳи тоҷикон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир гурӯҳи донишҷӯёни факултет порчаҳои шеъриро доир ба Иҷлосия ва Рӯзи Президент қироат намуданд.