,
Панҷшанбе, 26-декабр
Санаи 12.11.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси навбатии донишгоҳии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар якҷоягӣ бо Маркази рушди касбият ва инноватсия таҳти унвони “Нақши омӯзгор дар ташаккул ва рушди шахсияти донишҷӯён дар замони муосир” гузаронида шуд.
Дар конфронс сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Миралӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он, дотсент Шаралиева Садбарг, мудири кафедраи Фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он, дотсент Акбарова Маҳрамбӣ, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ, дотсент Шарипов Бахтовар, мутахассисони марказ Ғаниев Фирӯз, Сафарзода Сироҷиддин ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, қайд намуд, ки “Дар замони муосир, ки тағйиротҳои иҷтимоӣ, технологияҳои нав ва афзоиши иттилоот дар саросари ҷаҳон ба назар мерасанд, нақши омӯзгор дар ташаккул ва рушди шахсияти донишҷӯён муҳим ва бештар фарогир шудааст. Омӯзгорон имрӯз на танҳо дарс медиҳанд, балки ҳамчун роҳнамо, машваратчӣ, намунаи иҷтимоӣ ва ҳидоятгар амал мекунанд. Ин насл бояд бо чунин малакаҳо, арзишҳо ва ҷаҳонбиние рушд кунад, ки ба онҳо дар ҷомеаи муосир ва босуръат тағйирёбанда муваффақият ва мутобиқат ёрӣ диҳад”.
Сипас, сардори марказ Давлатов Миралӣ оид ба маърӯзаҳои баррасишавандаи конфронси имрӯза ба аҳли нишаст маълумот доданд.
Дар идома Мошарифи Баҳрулло – донишҷӯи курси сеюми факултети болозикр дар мавзуи “Масъалаи таълиму тарбия дар фаъолияти омӯзгорон тибқи талаботи замони муосир”, Жасминаи Рустам – донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Нақш, мақом ва уҳдадориҳои омӯзгор дар таълиму тарбияи донишҷӯён” ва Абдуллоева Давлатбӣ – донишҷӯи курси якум дар мавзуи “Татбиқи технологияи ташаккули сифатҳои ахлоқии омӯзгорони оянда” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар қисмати музокирот дотсент Акбарова Маҳрамбӣ ва муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он Ёрматов Алишер суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки омӯзгорони муосир, бо истифодаи усулҳои пешрафта ва муносибати фардӣ, метавонанд дар ташаккул ва рушди шахсияти донишҷӯён нақши муассир дошта бошанд, то онҳо ҳамчун шахсиятҳои комил ба ҷомеа дохил шаванд.