, Панҷшанбе, 26-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 11.11.2024 87

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Имрӯз (11.11.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии чеҳраҳои адабӣ” баргузор гардид.

Дар конференсия сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалии факултет Қаюмова Мубина, мудирони кафедраҳои факултет ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина оғоз гардид.

Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, қайд сохтанд, ки  “Мақоми арзандаи Пешвои миллат ин як амри таърихиест, ки он барои хизматҳои бузурги ӯ ба миллат мебошад. Агар хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо шуҷоату истеъдоди сарвариаш зам намоем, пеш аз ҳама, қобилияти баланд ва касбияти сиёсии ӯ ҳамчун пешвои сиёсӣ пеши назар меояд, ки ин боиси дастгирӣ ва эҳтирому ифтихор аст. Албатта Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҳидояти созандагию бунёдкориаш ифтихори миллат, поягузори сулҳу салоҳ ва меъмори давлати навини тоҷикон гардидааст, ки бо матонату диловарӣ, қаноату баробарӣ ва шуҷоату бобарорӣ тавонист миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳо намояд”.

Баъдан дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа” ва мудири кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед дар мавзуи “Садриддин Айнӣ дар шинохти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар қисмати музокирот доктои илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира ва сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром баромад намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии чеҳраҳои адабии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Дар ин давра аҳамияти адабиёт ҳамчун қисми муҳими фарҳанг ва таърихи миллат таъкид гардида, таваҷҷуҳи махсус ба бузургдошти шахсиятҳои маъруфи адабиёт зоҳир шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои худ, монанди баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, нашри осори адибони классикӣ ва муосир ва таъсиси муҷассамаҳои адибон, кӯшиш мекунад, ки чеҳраҳои шинохтаи адабиро ба мардум ва ҷаҳон муаррифӣ намояд. Дар доираи барномаҳои давлатӣ, мисли "Соли бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ", "Соли бузургдошти Садриддин Айнӣ" ва ҷашнвораи дигар адибон, фаъолияти зиёде ба анҷом расонида шудааст.

Дар охир гурӯҳи донишҷӯёни факултет доир ба ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ дар адабиёту фарҳанги тоҷик баромад намуда, ҳамзамон порчаҳо аз китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Эмомалӣ Раҳмон қироат ва пешкаши ҳозирин гардониданд.




Ба рӯйхат