, Чоршанбе, 11-декабр

ДОНИШҶӮЁНИ КУРСҲОИ ЧОРУМ ВА ПАНҶУМИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

 11.11.2024 75

ДОНИШҶӮЁНИ КУРСҲОИ ЧОРУМ ВА ПАНҶУМИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

Санаи 11.11.2024 бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо садоратҳои факултетҳо конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисосҳои алоҳида ва панҷуми ихтисосҳои ҳамгиро ба таҷрибаомӯзии педагогӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобозода Бахтовар, роҳбарони таҷрибаомӯзии факултетҳо, методистони тахассусӣ, методистони педагогикаю психология ва донишҷӯёни ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаршаванда иштирок намуданд.

Нахуст, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ дар суҳбат бо таҷрибаомӯзон таъкид намуданд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ омили муҳимтарини тайёрии касбии донишҷӯён ба касби интихобнамуда - омӯзгорӣ ба шумор меравад. Мақсад аз таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили таълим бар он равона гардидааст, ки донишҷӯён (ҳамчун муаллимони оянда) дар раванди таълиму тарбия дар муассиса донишҳои илмӣ-назарии аз рӯи ихтисос азбарнамудаашонро, инчунин малакаҳои андухтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд.

Зимнан, дар идома мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобозода Бахтовар талаботи низомномаи таҷрибаомӯзии педагогиро доир ба тартиби баргузории таҷрибаомӯзӣ, вазифа ва уҳдадориҳои донишҷӯён дар раванди он ба иштирокчиён фаҳмонид. Ҳамзамон, аз ҳафтаҳои ғайрифаъол ва фаъоли таҷрибаомӯзи ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки дар ҳафтаи ғайрифаъол ба нақшаҳои кории омӯзгорон шинос гардида, барои давраи таҷрибаомӯзӣ нақшаҳои тақвимӣ-мавзуӣ тартиб диҳанд, инчунин ба дарсҳои омӯзгорони таҷрибадори муассисаи таълимӣ даромада, мушоҳида намоянд.

Кори конфронс бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯёну методистон ва баррасии масъалаҳои марбут ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ба охир расид.




Ба рӯйхат