,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” санаи 08.11.2024 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии факултет мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш мудири кафедраи мазкур, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Бахтовар, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Ҳамоиш бо сухани мудири кафедра, дотсент Шарипов Бахтовар оғоз гардида, зимнан иброз доштанд, ки бо ба даст овардани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуву омоли ҳазорсолаи мардуми тоҷик бароварда шуда, марҳилаи нави таърихие дар ҳаёти миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик оғоз гардид.
Сипас, ассистенти кафедра Шоимардонова Мунира дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли наврас” маърӯза намуданд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст
Дар охир мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ба анҷом расид.