,
Чоршанбе, 11-декабр
Имрӯз (08.11.2024) дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии "Барги сабз"-и назди кафедраи биология ва методикаи таълими он бо иштироки роҳбари маҳфил ва донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст, роҳбари маҳфил Файзализода Зулқадамоҳ суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуданд.
Сипас, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси биология ва экология-Ҳоҷизода М., зери роҳбарии ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он Хоҷаев Исроил дар мавзуи “Таъсири моддаҳои калонмалекула ба ифлосшавии муҳити экологӣ” маърӯзаи худро ироа намуд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.