,
Панҷшанбе, 26-декабр
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ миёни ҷавонони то 20-сола ба хотири гиромидошти хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Шариф Саидов баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа донишҷӯёни зерини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд:
Қурбонов Абдулло-донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар вазни 71кг сазовори ҷойи якум ва бо диплому медали тилло сарфароз гардонида шуд.
Рабизода Муҳаммад-донишҷӯи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар вазни 50кг сазовори ҷойи якум ва бо диплому медали тилло сарфароз гардонида шуд.
Раёсати донишгоҳ донишҷӯёнро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.