,
Якшанбе, 22-декабр
Баланд бардоштани савияи дониши молиявии аҳолӣ, алалхусус донишҷӯён ва ҷавонон аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Дар робита ба ин имрӯз (07.11.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо филиали ҶСК "Алиф Бонк" дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ барои донишҷӯёни риштаи иқтисодӣ гузаронида шуд.
Дар кори семинар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин, роҳбари филиали ҶСК "Алиф Бонк" дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев Комрон, мутахассиси шуъбаи кадрҳои Бонки ҶСК “Алифбонк” Файзуллоев Муҳамадсултон, мутахассиси шуъбаи кор бо амалҳои қаллобӣ Риоев Зулфиқор иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ баромад намуда, семинарро оғоз намуданд. Сипас, мудири кафедраи молия ва қарз, дотсент Комилов Низомиддин ба сухан баромада мақсад аз гузаронидани семинари омӯзиширо баён дошт.
Баъдан Файзуллоев Муҳамадсултон дар мавзуи “Роҳҳои асосии баланд бардоштани дониши молиявӣ миёни ҷавонон”, Риоев Зулфиқор дар мавзуи “Пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ” тариқи рӯнамо баромад намуданд.
Дар идома ҷиҳати баландбардории саводнокии молиявии аҳолӣ ва аҳли нишаст миёни баромадкунандагон ва донишҷӯён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом роҳбари филиали ҶСК "Алиф Бонк" дар шаҳри Кӯлоб Комрон Абдуллоев ба раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати ҳамкориҳои пайваста ва ташкилу баргузориии семинару мизҳои мудаввар изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз донишҷӯёни фаъол ҷиҳат фаъолият дар бонк даъват ба амал оварданд.