,
Чоршанбе, 11-декабр
Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, ин омил метавонад дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва анҷоми корҳои илмиву таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузорад. Дар доираи татбиқи амалии Созишномаи ҳамкориҳои илмӣ миёни Донишгоҳ ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ба номи Патрис Лумумба муддати як ҳафта дар маркази “Фазои русӣ”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Каверзина Анастатсия - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи мазкур курси такмили ихтисос барои омӯзгорони донишгоҳ, коллеҷҳои тиббӣ ва муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр гузаронида шуд.