,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Ин навбат санаи 07.11.2024 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёт, ассистенти кафедраи молия ва қарз Саидов Пайрав дарси намунавӣ дар мавзуи “Андоз аз воситаҳои нақлиёт” дар гурӯҳҳои таълимии 103-104-и ихтисоси Молия ва қарз бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра гузаронида шуд.
Саидов Пайрав дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Андоз аз воситаҳои нақлиёт” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон як намуди андози давлатӣ буда, дар асоси моликияти нақлиёт, ҳаҷм ва намуди воситаҳои нақлиёт муқаррар карда мешавад. Ин андозҳо дар қонунгузории андози Тоҷикистон ва қоидаҳои муфассали нақлиётии кишвар муқаррар карда шудаанд.
Дар қисмати дигари дарс муаллим ба донишҷӯён оид ба меъёри андоз, қисматҳои андозбандӣ, меъёри пардохт, давраи пардохт суол дода, донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.
Ҳамзамон донишҷӯён зимни баромадашон қайд намуданд, ки ин андоз асосан барои таъмини роҳҳо, нигоҳдории инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар кардани хизматрасониҳои нақлиётӣ дар кишвар истифода мешавад.
Ба таври умум, ҳар шахс ё ташкилоте, ки соҳиби воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон мебошад, вазифадор аст, ки андози муайяншударо мувофиқи қонунгузории маҳаллӣ пардохт кунад.