, Чоршанбе, 18-июн

ДАСТАИ ДУХТАРОНИ ФУТБОЛБОЗИ ДОНИШГОҲ САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАРДИДАНД


ДАСТАИ ДУХТАРОНИ ФУТБОЛБОЗИ ДОНИШГОҲ САЗОВОРИ ҶОЙИ ДУЮМ ГАРДИДАНД

Санаҳои 04 то 05-уми ноябри соли равон дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси муассисаи мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди варзиши футболи хурд байни бонувони муассисаҳои оливу касбии шаҳр бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сол 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур дастаи футболбозон - донишҷӯдухтарони донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.

Раёсати донишгоҳ донишҷӯёнро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.




Ба рӯйхат