, Чоршанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

 05.11.2024 101

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

Санаи 5-уми ноябри соли 2024 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Конститутсия ва марҳилаҳои нави созандагӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Назаров Муродалӣ, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Разоқов Навруз ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо суханронии декани факултет, дотсент, Расулова Лутфия оғоз гардида, дар идома сардори шуъбаи кор бо ҷавонони дошишгоҳ Разоқов Навруз дар мавзуи “Конститутсия бахтномаи миллат”, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Назаров Муродалӣ дар мавзуи “Конститутсия- Қонуни сарнавиштсози миллат” маърӯзаи худро ироа намуд.

Дар охир ҳамоиш бо музокирот миёни ҳозирин ба анҷом расид.




Ба рӯйхат