,
Чоршанбе, 11-декабр
Имрӯз (05.11.2024) дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлатдорӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, номзади илмҳои физика ва математика Акрамова Рухшона, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Собирзода Сайёд, ассисенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Асоев Аминҷон, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет, дотсент Самариддинова Зайнаб баромад намуда, қайд карданд: “Ба шарофати Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун субекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи тоҷик ҳамчун мардуми бунёдкор ва сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ба ҳисоб меравад”.
Сипас, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Собирзода Сайёд дар мавзуи "Марҳилаҳои инкишоф ва рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Асоев Аминҷон дар мавзуи "Нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол", донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математика Низорамои Ҷамшед дар мавзуи "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-бахтномаи миллат", донишҷӯи курси сеюми ихтисоси физика ва математика Хоҷаева Шаҳригул дар мавзуи "Конститутсия-санади тақдирсози миллат", маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир мизи мудаввар бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.