, Панҷшанбе, 26-декабр

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 05.11.2024 135

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз (05.11.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети химия ва биологияи донишгоҳ ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои кшоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, номзади илмҳои кимиё, дотсент Холиқов Сафар, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Назарзода Пиралӣ, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик,  Сафаров Холмад ва ҳайати  омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сараввал декани факултет Исупов Дилшод суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар ва дотсенти кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ Назарзода Пиралӣ маърӯзаҳои худро ироа намуда, қайд карданд, ки "Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард, ҳукуматро мебоист қонуни ягонае ташкил намояд, ҳама муносибатҳои ҷамъиятро ба танзим оварад".




Ба рӯйхат