, Ҷумъа, 27-декабр

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО

 04.11.2024 112

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО

(Конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Санаи 4-уми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: дастовард ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар он ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Прокурори шаҳри Кӯлоб Ғанизода Мансур Қадаммурод, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим Ғафор, олимони номвари соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ходимони варзидаи давлатӣ, вакилони Парлумони ҷумҳурӣ, профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Кори конфронс бо маросими истиқбол ва қадршиносии донишҷӯёни Донишгоҳ-ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар саҳни бинои асосии муассиса оғоз гардида, бо тамошои барномаи бошукуҳи фарҳангии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоиши асару китобҳо, дастоварду музаффариятҳои устодону донишҷӯён идома ёфт.

Қисми пленарии конфронс бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ шуруъ кард. Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни пешбарии кори конфронс ҳайати олимони номвари соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ходимони варзидаи давлатӣ, вакилони Парлумони ҷумҳурӣ, профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ва ҳозиринро ба боргоҳи илму маърифат ва кохи адабу фарҳанг - Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро дар конфронс рамзи садоқату ҳамдилӣ ва омили саодату нишот ҷиҳати амалигардонии иқдоми наҷибу маърифатафзо дар роҳи татбиқи босамари дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ намуд.

Дар идома таъкид доштанд, ки руҷуи пайваставу мудовими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Сарвари фарҳангсолори давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили маърифатафзоии миллат, рушди илму маориф, тақвияти забондониву ихтироот бозгӯйи хиради азалӣ, шоистагиҳои сарварӣ, фазилатҳои фарзонагии ин фарзанди ҷонфидову дардошнои миллат аст, ки ҳамвора давлати ҷавону умедбахш, омоли татбиқшудаи гузаштаи некном, ягона хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар баҳри пурамвоҷу серталотуми сиёсати ҷаҳонӣ раҳбарӣ менамояд.

Дар доираи сиёсати маърифатпарварӣ, тадбирҳои маърифатафзоӣ, ба муносибати ҷашни 30-солагии Конститутсияи ормонии миллат ва қонуни асосии давлат, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Мақсад аз қабули ин қарор баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Зеро, чунончи Сарвари давлат таъкид намуданд, дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.

Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр зимни суханронӣ иброз доштанд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди давлати тоҷикон дар таърихи навин ба шумор рафта, натиҷаи талошҳои ҷомеаи мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад. Ин санади муҳим маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар буда, маҳз ба шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардидааст ва дар роҳи барпо сохтани нахустин пояҳои давлатдории мустақили миллӣ раҳнамои ҷомеаи мо мебошад.

Холиқзода Абдураҳим Ғафор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ доир ба мавзуи “Назари ахлоқӣ-ҳуқуқӣ ба табиати Конститутсия: Конститутсия ганҷинаи хайри давлат” ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки “Қонуни асосӣ ва олии дилхоҳ давлат Конститутсия ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он дар тамоми қаламрави давлат мустақиман амал мекунанд. Тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва ҳангоми хилофи он будан, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Нисбат ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бояд қайд кард, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷум¬ҳуриро ташкил медиҳанд. Вобаста ба масъалаи мухолифат байни санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилӣ, бартарият ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ дода мешавад”.

Дар баромади доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, дар робита ба мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар қабул ва татбиқи Конститутсияи соҳибихтиёри Тоҷикистон”, гуфта шуд, ки “Таърихи башарият шахсиятҳоеро ёд дорад, ки рӯзгору корномаашон дар сарнавишти кишварашон ва дар умум инсоният, бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Чунин фарзонагон дар марҳалаи муайяни таърихӣ бо назару диди фаррох амал карда, барои миллату кишвари худ корномаҳои тақдирсоз анҷом додаанд ва дар сарнавишти мардуми сайёра низ нақши боризе доранд ва мардуми ин кишварҳо чунин талошу ҷонбозиҳои ин шахсиятҳоро дар ҷаҳорчӯби анъанот ва қонунгузориҳои хеш қадршиносӣ кардаанд. Зеро қадршиносӣ кардан низ аз суннати мардуми худшиносу худогоҳ аст. Дар қатори чунин фарзонагон барҳақ Президенти мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи сазовор доранд”.

Таъкид гардид, ки “аз рӯзҳои аввал нахустин талоши Пешвои мо ворид кардани ҷомеа ба фазои қонуният буд. Бори аввал дар фазои Истиқлолият ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати мустақили мо қабул гардид, ки ҳоло ин Санади олии ҳуқуқии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин Конститутсияҳои кишварҳои олам ном бурда мешавад. Таҳияву қабули ин Санади тақдирсоз бевосита таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, бозгӯйи иродаи устувори сиёсии Пешвои миллат мебошад. Ҳамин тариқ, ҳамчун кафили иҷроиши ин Санад минбаъд Сарвари давлати мо волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин сохтанд”.

Ҳамчунин, дар конфронс баромад ва маърӯзаҳои Ғанизода Мансур Қадаммурод-Прокурори шаҳри Кӯлоб, Раҷабзода Равшан Муҳитдин, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи: “Нақши тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҳамчун омили асосии рушди қонунгузорӣ”, Маҳмудов Нарзулло Раҳматҷонович, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, сардори шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Асосҳои конститутсионии таъмини амнияти миллӣ”, Диноршоҳ Азиз Мусо, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини аввал, муовини директори иҷроияи оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалии Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар мавзуи “Масъалаҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Конститутсия” ва Угланова Оксана Александровна, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ба номи профессор И.Е. Фарбер дар мавзуи “Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ”, (тариқи маҷозӣ) шунида шуд.

Пас аз хотимаи маърӯзаҳои асосӣ дар қисми музокираи конфронс Шоҳинов Ҳасан- муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳ, Расулзода Абдулбосит- ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат", донишҷӯйи курси 4-уми донишгоҳ факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ изҳори назар намуданд.

Кори қисми пленарии Конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: дастовард ва дурнамо” бо садо додани Суруди миллӣ ба охир расид.

Кори конфронс нимаи дуюми рӯз бо баррасӣ ва муҳокимаи беш аз 60 мақолаи олимону донишмандон дар 3 бахш: Бахши 1: “Нақши Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол”; Бахши 2: “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ”; Бахши 3: “Конститутсия, ислоҳоти конститутсионӣ ва таҳаввулоти он дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон” ба охир расид.




Ба рӯйхат