,
Чоршанбе, 11-декабр
Таърихи рӯзи 4-уми ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ барномаи бошукуҳ ва рангини ҳунарӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия асноди тақдирсози миллат” баргузор гардид, ки дар он ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, олимони номвари соҳаи ҳуқуқшиносӣ, профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ, ҳозирин, устодону донишҷӯён ва кулли мардуми шарафманди диёри озодапарварро бо баҳрамандӣ аз фазои идонаву мутантан ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули санади олии ҳуқуқии Ватани азизу маҳбуб – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфтанд.
Дар идома бо таманнои ваҳдату суботи сартосарӣ дар кишвар ва ҳамдиливу ҳамраъйии мардуми фарҳангдӯсту меҳнатқарини диёри хушманзару маъвои биҳиштӣ изҳори назар карда шуд, ки меъёрҳои конститутсионӣ ҷиҳати амалисозии ҳадафи асосиву меҳварии он – таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди мамлакат бомаром татбиқ гардида, ин муқаддасоти сарнавиштсози давлатӣ чун бахтномаи ормонӣ ва ояндаафрӯзи миллат барои садсолаҳо равшангари масири рушди давлатдории мустақили миллӣ ва мардуми сарафрози мо боқӣ хоҳад монд.
Сипас, барномаи бошукуҳ ва рангини ҳунарии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳ, иборат аз суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Барномаи фарҳангӣ бисёр бошукуҳ ва хотирмон буд. Дар барномаи ҳунарии кормандони ансамбли “Наво”-и Донишгоҳ суруду таронаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва талошҳову ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи ободу осуда, садо доданд.