,
Ҷумъа, 27-декабр
Конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: дастовард ва дурнамо” дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кори худро дар бахшҳо идома медиҳад.
Дар назар дошта шудааст, ки дар бахшҳои конфронс: Бахши 1: “Нақши Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол”; Бахши 2: “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ”; Бахши 3: “Конститутсия, ислоҳоти конститутсионӣ ва таҳаввулоти он дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон” беш аз 60 мақолаи олимону донишмандон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шавад.