, Чоршанбе, 11-декабр

ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА ШОИСТАИ ИФТИХОР ДАР ҲОШИЯИ ИСТИҚБОЛ АЗ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 04.11.2024 193

ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ ВА ШОИСТАИ ИФТИХОР ДАР ҲОШИЯИ ИСТИҚБОЛ АЗ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз (04.11.2024) дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими истиқбол ва қадршиносии донишҷӯёни донишгоҳ-ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Муҷиби ифтихор ва шоёни таҳсин аст, ки аз шарафи сиёсати хирадбунёду ояндасози  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Дар ин миён соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Сарвари фарҳангсолори давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав миёни наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон баргузор мешавад.

Баргузории ҳамасолаи озмун саҳифаи нав дар раванди эҳё намудани анъанаи аҷдодии миллати мо мебошад, ки ба инсоният силсилаи нобиғаҳоро дода, сатҳи донишандӯзӣ, таҳқиқот ва илми тоҷикро то ба садри илми ҷаҳонӣ бароварданд.

Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур соли ҷорӣ (2024) 570 нафар иштирок намуда, аз миёни онҳо 132 нафар ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардиданд.

Шарафи бузург ва ифтихори фаровон аст, ки дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи дуюм дар номинатсияи “География”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ”, як ҷой аз номинатсияи “Химия”) ва 1 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ифтихороти Донишгоҳро баланд бардоштанд:

#ҶОЙИ_ДУЮМ

  1. Салимзода Гулафзо - донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора, ихтисоси география, аз номинатсияи “ГЕОГРАФИЯ”, зери роҳбарии Гадоев Шералӣ – дотсент, мудири кафедраи географияи ва сайёҳӣ;

#ҶОЙИ_СЕЮМ

  1. Назаров Аминҷон – магистранти ихтисоси физика ва математика, дар номинатсияи “ИХТИРОЪКОРӢ”, зери роҳбарии Шарипов Аламшо-дотсент, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ;
  2. Фариддуни Бобоҷон-донишҷӯи курси 2-юми факултети химия ва биология, дар номинатсияи “ХИМИЯ”, зери роҳбарии Холиқов Сафар– дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он;

#ИФТИХОРНОМА

  1. Давлатзода Аҳлиддин - донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора, ихтисоси география, аз номинатсияи “ГЕОГРАФИЯ”, зери роҳбарии Мадасани Азизмад– ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ;

Тавре ишора рафт, маросими истиқбол ва қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар саҳни бинои Донишгоҳ дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Зимни истиқбол ректори  донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо донишҷӯён-ғолибони озмун ва ҳайати устодон дар толори фарҳангӣ суҳбат намуда, дастоварди бузург ва шоистаи ифтихорро дар ҳошияи истиқбол аз 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон табрику шодбош гуфтанд.

Дар идома аҳли раёсат, бо ҳамроҳии  олимони номвари соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ходимони варзидаи давлатӣ, вакилони Парлумони ҷумҳурӣ, профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва ҳайати устодону донишҷӯён дар саҳни бинои донишгоҳ барномаи бошукуҳи фарҳангии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги муассисаро бахшида ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонд тамошо намуданд.




Ба рӯйхат