,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси байналмилалӣ бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: дастовард ва дурнамо” бо иштироки олимони номвари соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ходимони варзидаи давлатӣ, вакилони Парлумони ҷумҳурӣ, профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ оғоз гардид.
Дар қисмати пленарии конфронс ироаи сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, суханронии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, суханронии Прокурори ш. Кӯлоб Ғанизода Мансур Қадаммурод, маърӯзаҳои олимону донишмандон: Холиқзода Абдураҳим Ғафор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Назари ахлоқӣ-ҳуқуқӣ ба табиати Конститутсия: Конститутсия ганҷинаи хайри давлат”, Раҷабзода Равшан Муҳитдин, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи: “Нақши тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҳамчун омили асосии рушди қонунгузорӣ”, Шарофзода Рустам Шароф, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – омили пойдории фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар қабул ва татбиқи Конститутсияи соҳибихтиёри Тоҷикистон” Ғаюрзода Шукрулло Каромат, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзуи: “Нақши Кодекси маданӣ дар амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маҳмудов Нарзулло Раҳматҷонович, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, сардори шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Асосҳои конститутсионии таъмини амнияти миллӣ”, Диноршоҳ Азиз Мусо, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини аввал, муовини директори иҷроияи оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалии Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар ш.Душанбе мавзуи “Масъалаҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Конститутсия", Угланова Оксана Александровна, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ба номи профессор И.Е. Фарбер ва профессор В.Т. Кабышеви Академияи давлатии ҳуқуқии Саратов дар мавзуи “Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ”, Шарифзода Лоҳутӣ Шариф, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 омили муҳимми бартараф намудани буҳрони конститутсионӣ” дар назар дошта шудааст.
Кори конфронс дар нимаи 2-юми рӯз бо дарназардошти шунида шудани беш аз 60 мақола дар се бахш идома меёбад.