,
Чоршанбе, 11-декабр
Дар соҳибихтиёр гаштани миллати тоҷик ва рушду нумуи Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона нақши бунёдии Конститутсия хеле муҳим аст. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад”. Санаи 02.11.2024 бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Конститутсия-бахтномаи миллат” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар Фатҳуллозода Абдухолиқ - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултет, Шамсзода Зикриё – корманди суди вилояти Хатлон, Исозода Парвиз – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, Холматов Баҳром – сардори раёсати тарбия, мудирони кафедраҳои факултет ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет Фатҳуллозода Абдухолиқ суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Сипас, корманди суди вилояти Хатлон Шамсзода Зикриё дар мавзуи “Конститутсия-сарнавишти миллат”, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Исозода Парвиз дар мавзуи “Нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол”, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Сафаров Зулфиқор дар мавзуи “Саҳми Конститутсия дар ташаккули иқтисоди миллӣ”, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Иззатов Умедҷон дар мавзуи “30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: аҳамият ва дурнамои он дар соли маърифати ҳуқуқӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Зимни баромади хеш маърӯзачиён қайд намуданд, ки ҳар як миллате, ки ба соҳибихтиёрии воқеӣ ноил гаштааст, ҳамаи кӯшиши худро ба он равона месозад, ки заминаҳои давлатдории миллиро устувор гардонад. Ин заминаю асосҳо самтҳои гуногуни сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣ ва ғайра доранд, ки дар ҳар яки он бояд миллат пешрав ва қобили ҳифзи манфиати хеш бошад.
Дар охир мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.