, Чоршанбе, 11-декабр

ДАРСИ КУШОД: ТЕХНОЛОГИЯИ ИСТЕҲСОЛИ НУРИҲОИ НИТРОГЕНӢ

 02.11.2024 101

ДАРСИ КУШОД: ТЕХНОЛОГИЯИ ИСТЕҲСОЛИ НУРИҲОИ НИТРОГЕНӢ

Татбиқи усулҳои фаъоли таълим, ба амалияи нигаронидани раванди баргузории машғулиятҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз муҳимтарин ҷузъҳои таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани малакаҳои касбии донишҷӯён мебошанд. Бо назардошти ин омилҳо санаи 02.11.2024 аз ҷониби муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими он Саидова Малика дар гурӯҳи таълимии 501-и ихтисоси химия-биологияи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод гузаронида шуд.

Дар дарс мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, номзади илмҳои педагогӣ Бобоев Бахтиёр, номзади илмҳои педагогӣ Уроқов Мирзомурод ва дигар омӯзгорони факултет иштирок доштанд.

Мавзуи дарс “Технологияи истеҳсоли нуриҳои нитрогенӣ” муқаррар гардида буд ва омӯзгор дар амал донишҷӯёнро бо муҳтавои асосии мавзуъ ошно намуд. Инчунин омӯзгор дар раванди дарс бо истифода аз аёниятҳо ва рӯнамоҳои ҷолибу таҳлилҳои ҳамаҷониба оид ба технологияи истеҳсоли нуриҳои нитрогенӣ таъкид доштанд, ки технологияи истеҳсоли нуриҳои нитрогенӣ ба маҷмӯи равандҳо ва таҷҳизоте ишора мекунад, ки барои истеҳсоли нуриҳои дорои нитроген, аз ҷумла аммиак, нитрат аммоний, мочевина ва дигар моддаҳои нитрогендор истифода мешаванд. Нитроген, ки унсури асосӣ барои рушд ва нашъунамои растанӣ мебошад, асосан тавассути равандҳои химиявӣ ба даст оварда мешавад.

Дар қисми поёнии дарс миёни омӯзгор ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар заминаи пурсишу посухҳо донишҳои омӯхташуда мустаҳкам гардонида шуд.

 




Ба рӯйхат